«5-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ таълимӣ».
Таҳти чунин унвон ширкати муштараки байналмилалии Тоҷикистон-Малайзия «Аҳмадсоз», бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон, вазорати маорифи Малайзия ва Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ намоишгоҳи вижаро доир мекунад. Чорабинии мазкур соати 10 оғоз гардида, то шоми имрӯз идома хоҳад ёфт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ширкати «Аҳмадсоз» иттилоъ доданд, дар намоишгоҳ ширкати Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф, намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент ва раҳбарони донишгоҳҳои Британияи Кабир, ҷумҳурии Хитой, мамолики Араб дар назар аст.{jathumbnail off}