Дар шаҳри Истанбул мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои туркаш Аҳмет Довудоғлу баргузор гардид.
Мавзӯъи асосии нишаст масъалаи Афғонистон, мӯътадилсозии вазъ дар ин кишвар, барқарорсозии ҳарчӣ зудтари иқтисодиёт ва ҷалби тамоми кишварҳои минтақа ба ин раванд буд. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷа иттилоъ доданд, Аҳмет Довудоғлу ба ҳамсӯҳбати худ оид ба саҳми Туркия, ки ба рушди Афғонистон, эҳёи он ва пуштибонии сулҳ дар ҳудуди ин кишвар нигаронида шудааст иттилоъ дод.
Ҳамзамон, вазири корҳои хориҷии Туркия аз иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар кори Конфронс ба Ҳамрохон Зарифӣ изҳори сипос кард.Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Аҳмет Довудоғлу афзоиши гардиши молу колоро дар соли ҷорӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон бо қаноатмандӣ арзёбӣ намуд. Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ҳамтои худро барои сафар ба Тоҷикистон даъват сохт.{jathumbnail off}