Дар Душанбе мулоқоти Қосим Косимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози нави Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Осиёи Марказӣ Мустафо Синасёр баргузор шуд.
Тавре аз дафтари матбуотии ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни вохӯри Мустафо Синасёр изҳор намуд, ки минбаъд ҳамкориҳо байни ин ниҳоди марбут ба СММ ва вазорати кишоварзии ҶТ рушд ва тавсеа меёбанд. Номбурда афзуд, ифтитоҳи намояндагии доимии СОК (ФАО) дар Тоҷикистон намунаи олии ин ҳамкорӣ мебошад.
Ҳамзамон, масоили баланд бардоштани сатҳи касбии кадрҳои кишоварзӣ, афзоиши тамоюлҳо дар ҳифзи ҳамҷояи боғҳо аз маризӣ ва ҳашароти зараррасон, омодасозии кадрҳои беҳдоштӣ ва маводи таълимии байторӣ бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ, дастгирӣ дар коркард ва ҷорисозии технологияи ҳифзи захираи маҳсулот низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.