Раиси вилояти Суғд дар тантанаи ҷашни 10-солагии ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», ки дар муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, ба ин муносибат аз тарафи ҳофизони ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» бо роҳбарии ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов барномаи рангини консертӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба аҳли толор филми ҳуҷҷатӣ оид ба фаъолияти ансамбли шашмақомхонон, ки бо дастгирии президент созмон ёфтаву ба рушди фарҳангу санъати миллӣ мусоидат менамояд, намоиш дода шуд.
Раиси вилоят дар фарҷоми чорабинӣ аҳли ансамблро ба ҷашни 10-солагии таъсисёбиаш табрик намуда, изҳор дошт, ки бо қарори раиси вилоят барои таҷҳизонидани ансамбл бо асбобҳои муосири навозандагӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.Қоҳир Расулзода роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро вазифадор намуд, ки бинои факултаи санъати донишгоҳро, ки дар натиҷаи сӯхтор зарар дида буд, то ҷашни Наврӯзи соли оянда таъмир ва барқарор намоянд.