Дар шаҳри Маскав чемпионати ҷахон дар намуди муҳорибаи универсалии сабук ва классикӣ баргузор гардид.
Тавре Муродали Тешаев, котиби матбуоти кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт: «Дар ин сабқат варзишгарони 37 кишвари олам ширкат намуданд. Тими Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар бо сарварии сармурабии муҳорибаи универсалии Тоҷикистон Собир Каримов ширкат карданд. Дар вазни 60 кило Аёмуддин Маҳмадраҷабов, дар вазни 65 кило Бахтибек Каримов ва Элёр Абдулаҳадов ,ҳамчунин як бонуи варзишгар- Шоиста Нодирова дар вазни 57 кило кишвари моро муаррифӣ намуданд».
Гуфта мешавад, Бахтиёр Каримов дар рақобатҳо ҳам дар намуди классикӣ ва ҳам сабук барандаи медали нуқра гардид. Бахтиёр рақибони худ аз Русия, Озарбойҷон ва Қирғизистонро мағлуб карда, сазовори ҷойи дуюм гашт. Шоиста Нодирова бошад, танҳо дар намуди классикӣ барандаи медали нуқра гардид. Элёр Абдулаҳадов мақоми севвуми ифтихориро касб карда, нишони биринҷии мусобиқотро дарёфт кард.