Дар Душанбе гурўҳе рўзноманигорон ва рӯшанфикрон шаби 14 ноябр «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон»-ро ташкил доданд.
Гурӯҳ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгох нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd» сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба карор диҳад. Пеш аз ҳама барои Гурӯҳ он паҳлӯи масъала муҳим менамояд, ки бар асари ин қазия зарбаи аввалин ва ҷиддӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия зада мешавад. Аз ин лиҳоз ҳайати ҷамъомада тасмим гирифтанд, ки бояд барои раҳоӣ аз ин вазъ ва ҳалли мусбати масъала тамоми имконоти мавҷударо дар доираи дипломатияи мардумӣ ба кор баранд. «Гурӯҳи мусоидат» бар ин назар аст, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар қазияи рухдода набояд чун аҳроми фишор истифода шаванд ва мавриди зарбаи ҳамаҷониба қарор бигиранд. Аз ин хотир, Гурӯҳ аз журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия даъват ба амал меорад, ки барои пешгирии ин раванди номатлуб мусоидат намоянд. Гурӯҳи мусоидат ба ин ҳақиқат таъкид менамояд, ки таърихи тӯлонии равобити ҳамаҷонибаи мардуми тоҷику рус натиҷаҳои беҳтару барои ҷонибҳо манфиатовар дар ростои таҳкими ин дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дорад. Аз ин лиҳоз Гурӯҳ ба ин назар аст, ки феълан ҳамаи имконот дар ҳалли қазия истифода нашудааст ва ҳамкории дуҷонибаро тақозо менамояд. Бо истифода аз фурсат аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахсиятҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба ин мавзӯъ бетараф нестанд, даъват ба амал меорад, ки ба ин гурӯҳ бипайванданд. Суроға, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 Телефонҳо барои тамос: 919-03-53-56, 93- 503-20-15, 907-82-55-77