Дар Маскав мулоқоти Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон бо президенти созмони умумирусиягии «Федератсияи муҳоҷирони Русия» Маҷумдер Муҳаммад Амин баргузор шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии сафорат иттилоъ доданд, дар вохўрӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва буду боши онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба қавли ҷаноби Амин мақсади асосии федератсияи муҳоҷирони Русия ин ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон буда, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар вақтҳои охир боиси нигаронии ӯ шудааст. Ӯ гуфт, ки рўзҳои аввал, вақте муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таҳти тазйиқу фишор қарор гирифта буданд, федератсия тавассути расонаҳои хабарии Русия он ҳуқуқвайронкуниҳоро маҳкум кард. Муҳаммад Амин афзуд, паст задани шаъну шарафи муҳоҷирони тоҷикро федератсияи муҳоҷирони Русия таҳқир ба худ мешуморад.Ҳамчунин, М.Амин зикр кард, ки яке аз сабабҳои боздошту берун кардани муҳоҷирони тоҷикро федератсия дар ҳукми зиндон гирифтани халабони рус мебинад.
Ҳамзамон, сафири тоҷик роҷеъ ба масъалаи мазкур изҳор дошт, «дар ҳар ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ, шаҳрвандони ин ё он кишвар набояд талафи ин муносибатҳо шаванд. Вақте муҳоҷирини меҳнатӣ содиқона кору фаъолият доранд, дар кадом асос онҳоро ҷазо медиҳанд ва аз кишвар берун мекунанд? Дар мавриде, ки сиёсатмадорон аз минбарҳо истифода бурда барои манфиатҳои шахсии худ нисбат ба дигар миллатҳо сухан мегӯянд, ҳалли масъалаҳои байнидавлатиро бекор менамоянд». Достиев гуфт, дар ҳар сурат мақомоти судии Тоҷикистон қарори худро оид ба халабонон дар чаҳорчўби қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал хоҳад кард, чунки мақомоти судӣ дар Тоҷикистон аз дигар шохаҳои мақомоти давлатӣ мустақил буда, ба кору фаъолияти он касе ҳуқуқи мудохила карданро надорад.