Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд ба шаҳри Исфара ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр сафари корӣ намуд
. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» нахуст бо ширкати Расулзода дар ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ» бинои маъмурии шӯъбаи исфарагии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Райис аз иншооти навбунёд, ки аз тарафи сохтмончиёни ширкати сохтмонии «Исфара» бунёд гардидааст, дидан карда, ба маъмурин тӯҳфаҳои хотиравӣ – компютер ва телевизори ранга тақдим дошт ва бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ин минтақаи наздимарзӣ сӯҳбати самимӣ намуд.
Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ҳамчунин аз вазъи бунёди мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 56-и ҷамоати деҳоти «Сурх»-и ноҳия шинос гардид, ки мактаб дар як баст барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар мулоқот бо сохтмончиён аз вазъи пардохти музди меҳнаташон пурсон шуда, оиди бо сифати баланд бунёд намудани бинои мактаб вазифагузорӣ намуд. То ин дам барои сохтмони ин мактаб аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бештар аз 750 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Тибқи супориши райиси вилоят мактаби навбунёд дар арафаи иди байналмилалии «Наврӯзи Аҷам» мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.