Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи раёсатҳои кишоварзии ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол ва корхонаҳои зертобеи вазорат аз қабили: КВД «Саноати паррандапаварӣ», КВД «Моҳии Тоҷикистон», КВДЗ «Асали Тоҷикистон» пешкаши харидорон гардонида шудааст. Гуфта мешавад, ки сохтмончиёни НБО-и «Роғун» ва сокинони шаҳри Роғун барои таъсиси чунин ярмарка фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ба вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он изҳори миннатдорӣ намудаанд.