Деҳқонони ноҳияи Фархор, ки дар ҳамин мавзеъ 3-ҳазору 989-гектар замини лалмӣ доранд, тақрибан корҳои шудгорро ба анҷом расондаанд. Дар ҳамаи ноҳия 8-ҳазору 50 гектар заминҳои кишти тирамоҳӣ мавҷуд буда, дар қисмати зиёди он шудгор бомуваффақият рафта истодааст. Гузашта аз ин, дар мавзеи Сайёди ҷамоати Дарқади ноҳия, барои нахустин маротиба, баъди 15-соли бекор мондани беш аз 550-гектар замини лалмии кишоварзӣ, он ба гардиш ворид гашта, шудгор мешавад. Кишоварзони ноҳия ӯҳдадор шудаанд то 1-уми декабр кишти тирамоҳиро ба анҷом мерасонанд.