Президенти Тоҷикистон субҳи рӯзи 19-уми ноябр ба мавзеи назди Наврўзгоҳи пойтахт, ки дар дохил ва атрофи ипподроми шаҳрӣ бунёд ёфтааст, ташриф оварда, ба бунёди боғи нави Наврўзгоҳ оғози расмӣ бахшид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, боғи Наврўзгоҳ дар майдони 15 гектар саҳни даромадгоҳ ва атрофи Наврўзгоҳи пойтахт доман паҳн менамояд. Гуфтанист, ҳамон рӯз садҳо ниҳоли сояафкану ороишӣ, аз ҷумла аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шинонда шуд.Тибқи нақшаи генералӣ боғи Наврўзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кўдакон ва ғайра иборат хоҳад буд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин боғҳо, ки ҷойи истироҳату фароғат ва сайру гашти мардум хоҳанд буд, худ як санъат аст ва бунёдкунандагони он бояд завқи баланд дошта бошанд. Аз ин хотир дастур дода шуд, ки ба ин кор мутахассисони сатҳи баланди дорои завқу салиқаи махсус ва ҳисси қавии зебоипарастӣ ҷалб карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки бевоситаи худ дар оғози бунёди боғи Наврўзгоҳ мавсими нави ниҳолшинонӣ, кабудизоркунии муҳити зист, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳнаро дар кишвар шурӯъ намуд. Райисҷумҳур эълом дошт, ки аз ҳамин рўз мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфт ва он метавонад 5 моҳи пурра идома ёбад.