Пулиси Фаронса ба кӯмаки АНМН-и Тоҷикистон меояд
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса аз 21 то 24-уми ноябри соли равон дар агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Механизмҳои тафтиши ҷиноятҳои марбут ба нашъа”-ро доир мекунанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, ҳамойиш аз ҷониби раёсати ҳамкориҳои байналмилалии пулиси сафорати Фаронса дар ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Ҳайати фаронсавӣ, ки намояндагӣ оид ба масъалаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Пушэрэ Пер ва афсарони алоқаи аз ин кишвар омада, намояндагони бригада оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар назди префектураи пулиси шаҳри Порис мебошанд, кормандони хадамоти фаврии дастгоҳи марказии агентиро оид ба шеваҳои ифшо намудани ҷиноятҳо ва такмили механизмҳои тафтишоти ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва ғайра омӯзиш медиҳанд. Дар анҷоми семинар ба ширкаткунандагони он шаҳодатномаҳои махсус супурда хоҳанд шуд.