Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 16:30 дар шаҳри Турсунзода ронандаи атомашинаи тамғаи «ДЕУ Тико» Мавҷуда Қурбоноваи 46 -сола ҳангоми ҳаракат дар километри 46-ми роҳи Душанбе-Турсунзода муқобили самти ҳаракат баромада, ба воситаи нақлиёти тамғаи «ВАЗ 21 06», ки таҳти идораи Азимҷон Сангинови 18- сола ҳаракат мекард, бармехӯрад. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЕУ Тико» Мавҷуда Қурбонова ҷароҳати сахти ҷисмонӣ гирифта дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 5 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, 2 нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар дар беморхона бистари гардидаанд.