Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон 90 килою 700 грамм маводи нашъадор ёфт шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии ВКД хабар доданд, зимни амалиёт дар заминҳои чарогоҳи деҳаи Зулмобод, шаҳрванд Рамазон Назарови 25- сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҷамоати Тугарак, деҳаи Тугарак, бо 6-борхалтаи полиэтиленӣ дастгир карда шуд. Зимни азназаргузаронии «бор»-и ӯ 90 килою 700 грамм «бангдона» забту мусодира гардид.
Ҳамчунин, ба ҳамин ҳодиса монанд кормандони милиса дар ноҳияи Варзоб, рустои Ҷангалак, Ҳомидҷони Абдулҳакими 19 -сола, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккачинорро боздошт карданд. Аснои кофтукоби шахсӣ аз борхалтааш 958 грамм маводи нашъадори «ҳероин» дарёфт гардид. Феълан, нисбати ин қазияҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.