Фасодкорӣ ба раванди рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ташаккули иқтисоди бозоргонӣ ва ҷалби сармоя монеаъ ба вуҷуд меорад.
Масъулини агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ин андешаро аснои баргузории як ҳамойиши вижа дар вазорати рушди иқтисод ва савдо иброз доштанд.Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, коррупсия ба институтҳои ҷамъиятию сиёсии давлат низ таъсири манфӣ расонида, барои инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ ба миён меорад: «Аз ин лиҳоз, ҳам роҳбарони сохторҳои таркибӣ ва ҳам кормандони вазорат ҷиҳати ошкор ва бартараф намудани ҳолатҳои пайдоиши коррупсия, пешгирии кӯшишҳои фароҳамоварии шароитҳое, ки метавонанд боиси ҳолатҳои коррупсионӣ гарданд, бояд дастҷамъона кӯшиш ба харҷ диҳанд».
Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми ин чорабинӣ миёни кормандони вазорати рушди иқтисод ва савдо ва агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мубодилаи афкор сурат гирифт.