Ба Меъёрҳои ахлоқӣ ворид намудани масоиле чун ҳифзи манбаи ахбор, эҳтироми ҳаёти шахсии афрод, эҳтимоли бегуноҳӣ ва ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс зарур ва саривақтист.
Зимнан, масъулияти соҳибон ва кормандони ВАО зиёдтар мегардаду имконоти онҳо бештар,-гуфт Зинатулло Исмоилов, райиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон. Ин нуктаро номбурда дар нишасти имрӯза, ки бо ибтикори ИЖТ ва ҳамдастии созмонҳои байналмиллалӣ дар мавзӯи «Махфӣ нигоҳ доштани манбаъи иттилоот» баргузор шуд, иброз дошт.
Ба андешаи оқои Исмоилов, фаъолияти дусолаи Шўрои ВАО равшан зоҳир намуд, ки баррасӣ намудани қазияҳо то додгоҳ ва бо иштироки ҷомеаи рўзноманигории кишвар сатҳ ва сифати журналистикаи миллиро боло мебарад. Инчунин замина фароҳам меорад, ки тадриҷан механизми худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ дар кишвар амалӣ гардад.