Ҳамзамон, масъулини ширкати “Ролкан” ба хабаргузории «Lenta.ru» иброз доштаанд, ки имрӯз, яъне 25-уми ноябр аз 2,5 сол ҳукми зиндони халабонҳояш низ шикоят хоҳанд бурд.
Ёдрас менамоем, додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 8 ноябр Руденко ва Садовничийро 10,5-солӣ ҳукми зиндон дод, ки боиси таниши тунде байни Маскаву Душанбе шуд. Зимнан, додгоҳи вилояти Хатлон 22-юми ноябр ҳукми онҳоро 8-солӣ пойин овард ва ҳардуро бар асоси қонуни афв озод кард.