SoS: Ҳаракати нақлиёт дар ҷодаи Душанбе-Хуҷанд номумкин шудааст
Бар асари боришоти барфи зиёд ва ҳавои номусоид роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд баста шудааст.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» зимни як тамоси телефонӣ Парвиз Турдиев, ки ба мусофиркашонӣ дар ин самт машғул аст, иттилоъ дод. Парвиз мегӯяд: «Рӯзи 21-уми ноябр аз Душанбе ба ин тараф ҳаракат кардем, ҳоло 5 рӯз шуд, ки дар ағбаи Шаҳристон дармондаем». Ба қавли ӯ, тармафароӣ ва барфи зиёд монеъи ҳаракати онҳо шуда, мошинҳои зиёди пурбор дар қисмати шимолии ағба ҷамъ шудаанд.