Тибқи иттилои ВКД, Маҳмадсайид Воҳидови 40-сола, ба таври пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Навобод 3 сар чорвои шахсии Раҷабовро, ки арзишаон дар маҷмӯъ 1800 сомониро ташкил медод, ба яғмо бурдааст.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки ба ҳамин ҳодиса монанд, дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 26-уми ноябри соли равон, соати 21:00 шахси номаълум вориди оғилхони Асадулло Маҳмадуллоеви 67-сола шуда, аз он ҷо 1-сар ҳайвони шохдори калон, ки арзишаш 2500 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар вақти баргузории як амалиёти вижа аз сӯи кормандони милиса Зубайдулло Лақаеви 39-сола, сокини шаҳраки Сомониён, кӯчаи Шӯҳрат дастгир гардидааст. Нисбати ин ду қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.