Чорабинии хайриявӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон - 3 декабр дар Душанбе ҳамойиши вижа сурат мепазирад.
Ин чорбаини бо ибтикори институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамдастии вазорати фарҳанг, ширкати «Tcell», Ассосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд, СҶ «Киштӣ» дар театри русии драмавии ба номи Маяковский маъракаи хайрияро оид ба дастгирии кӯдакони имкониятошон маҳдуд бо унвони «Мо гуногун, вале баробарем» баргузор мегардад. Дар чаҳорчӯбаи чорабинии мазкур барномаи идона ва маъракаи хайрия барои 200 нафар кӯдаки аз 3-сола то 15- солаи муассиссаҳои томактабии №79, 117, 52, 129 ва мактабҳои №2, 28-и шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Дар чорабинӣ волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ширкат мекунанд. Тибқи иттилое, ки ба хабаргузории «Озодагон» расидааст, дар барномаи консертӣ гурӯҳи эҷодии мактабу муассисаҳои томактабии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар қатори гӯрӯҳи «Шамс» ва ҳунарпешаҳои театри русии драмавии ба номи В. Маяковский баромад мекунанд.
Манбаъ афзуд, пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ ҳамаи кӯдакон аз ҷониби Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо тӯҳфаҳо қадр карда мешаванд.
Маврид ба ёдоварист, то ба имрӯз дар ҷумҳурӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд гирифтори проблемаҳоеанд, ки барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа монеа эҷод мекунанд. Атрофиён кӯдаконро намефаҳманд ва онҳо ба муносибати қолабии шахшуда рӯ ба рӯ мешаванд. Солҳои охир дар чаҳорчӯбаи стратегияи барномаҳои ИҶҚ-БМ дар Тоҷикистон барои эътирофи хуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд бисёр корҳо ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, бо мусоидати ИҶҚ-БМ «Консепсияи миллии таҳсилоти инклюзивӣ дар Тоҷикистон» таҳияву қабул гардид.