Раванди татбиқи дастёбӣ ба аҳдофи Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон мавриди қабул аст.
Дар ин бора Ҳелен Кларк, масъули Барномаи Тавсеаи СММ зимни мулоқоташ бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, иброз доштааст . Бино ба қавли ӯ, Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳашт кишвари пешоҳанги ҷаҳон барои иҷрои тарҳҳои мазкур буда, дар чорчӯби ин барнома Тоҷикистон дурнамои миллии рушд то соли 2015-умро таҳия кардааст.Ин санад авлавият ва самтҳои умумии сиёсати давлати Тоҷикистонро муайян карда ва дастёбӣ ба рушди устувори иқтисодӣ, осон сохтани дастрасии мардум ба хадамоти асосии иҷтимоъӣ ва коҳиши мизони фақр аз аҳдофи он унвон шудааст.Дар чорчӯби Аҳдофи Рушди Ҳазораи СММ қарор аст, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба давлатҳои рӯ ба рушд ба миқдори 30 миллиард доллар кӯмак кунанд.
Маврид ба ёдоварист, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе маркази таълимӣ ва майдони тамринотии кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ки бо мусоидати молии Барномаи Тавсеаи СММ тармим ва бозсозӣ шуда буд, ифтитоҳ гардид.Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ ба гурӯҳи вокуниш ва дастаи ҷустуҷӯйиву наҷоти маркази наҷот таҷҳизоти вижа барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯйӣ дар шаҳрҳо, таҷҳизоти вижаи иртибототӣ ва мебел тақдим кард.
Феълан, барномаи Тавсеъаи СММ дар 166 кишвари ҷаҳон тарҳҳоеро дар заминаи рушди иҷтимоӣ маблағгузорӣ ва кӯмак мекунад.