Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар чорчӯби қарорҳои марбутаи ҳукумати кишвар ва ҳукумати пойтахт ва дар доираи амалиёти моҳонаи “Ҷавонони пойтахт бар зидди паҳншавии ВИЧСПИД” давоми як моҳи охир чорабиниҳои мухталифро ба муносибати Рўзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории ВИЧСПИД миёни наврасону ҷавонони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе баргузор намуда истодааст.
Дар ин бора Дилшод Қурбонов, сардори раёсати мазкур ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод. Ӯ мегӯяд, бо ин мақсад дар пойтахт озмунҳои расми беҳтарин зери унвони «Мо насли хушбахти замонем», мақолаи беҳтарин дар мавзўи «Мо ҷавонон бар зидди паҳншавии ВИЧ/СПИД муттаҳид мешавем» ва
иншои беҳтарин дар мавзўи «Ҷавонон ва ҷомеаи солим» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт эълон гардид, ки дар маҷмўъ 500 нафар хонандагони синфҳои болоии МТУ пойтахт дар он иштирок ва 800 мавод ба озмунҳо пешниҳод карданд.
Дар заминаи ин имрӯз, яъне 1 декабр чорабиниҳои маърифати иттилоотӣ таҳти унвони «Асолати тандурустӣ - сарчашмаи солимии ҷомеа», «Оқибатҳои нашъамандӣ ва ВИЧСПИД», «Тарзи ҳаёти солимро таъмин месозем», мусобиқаҳои оммавию варзишӣ таҳти унвони «Варзиш гарави саломатӣ», аксияи умумишаҳрӣ таҳти унвони «Худро аз СПИД эмин нигоҳ дор!» ва чорабинҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Мо насли солим» ҷамъбаст мегарданд.
-Мақсад аз баргузории чорабиниҳо ин пешгирии рафтору амалҳои номатлуб ба монанди нашъамандиву бемориҳои сироятии ВИЧСПИД, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ва дар ин замина бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, баланд бардоштани ахлоқи маънавии наврасону ҷавонон ва мебошад,- афзуд Қурбонов.