Барои корҳои сохтмонӣ ва тармиму таҷдиди дидбонгоҳи сарҳадии «Дача»-и ноҳияи Зафаробод аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд маблағи зарурӣ ҷудо гардид.
Мутобиқ ба қарори мазкур ба сарраёсати молияи вилоят супориш дода шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои барзиёди қисми даромади буҷети вилоятӣ нисбат ба нақша дар ҳолати 1 ноябри соли 2011 ба ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод 50 000 сомонӣ ирсол намояд.
Бояд тазаккур дод, ки маблағи ҷудогардида, барои беҳтар шудани шароити дидбонгоҳи сарҳадии «Дача»-и ноҳияи Зафаробод мусоидат менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз ҳадамоти матбуотии райиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.