Манбаъи хабар афзуд, Сахнов манзили маскуниашро барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ва амалҳои фаҳш ба шаҳрвандон-Жанна Салолмамадова, Абдулло Шамсиддинов, Наргис Абдумуратова,Ҳувайдо Нодиров, Ҷамшед Умаров ва дигарон пешниҳод кардааст. Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии номбурда, 4 адад сӯзандорўи яккарата ва лавозимотҳое, ки барои истеъмоли маводи мухаддир истифода мешаванд ва миқдоре аз «ҳероин» дарёфт карда шуд.