Тавре Муродалӣ Тешаев, сардори дафтари матбуот ва иттилооти Кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, қарор аст, ки чорабинии мазкур аз 16 то 18-уми декабри соли равон дар қасри «Зӯрхона», воқеъ дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шавад. Дар ҷараёни ин мусобиқа варзишгарони 10 дастаи Осиё аз кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Непал, Ироқ ва сойири дигар мамолик ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бино ба қавли оқои Тешаев, дар ин мусобиқа иштироки варзишгарони Ӯзбакистон ҳам дар назар дошта шудааст.