«Lonely Planet» дар паи омӯзиши хароҷоти сайёҳон Тоҷикистонро ба қатори се минтақаи арзонтарини ҷаҳон ворид кардаст, ки сайругашт дар он маблағи зиёдро тақозо намекунад. Масъулини «Lonely Planet» изҳор медоранд, ки дар Тоҷикистон имкон дорад ба ивази 300 доллар мошинро барои чанд рӯз кироя намуда, аз кӯҳҳои Помир, сарҳади Афғонистон ва чандин ёдгориҳои қадима дидан намуд.
Масъулини Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» изҳор доштанд, ки таи чанд соли охир барои содда ва камхарҷ кардани воридоти сайёҳон ба кишвар чандин иқдом амалӣ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ хироҷи раводид то 25 доллар фуроварда шудаст ва агар сайёҳ онро дар фурудгоҳ дастрас намояд, 33 доллар арзиш хоҳад дошт: «Пардохтпулии парки миллӣ ва сайёҳати кӯҳӣ дар Тоҷикистон лағв гардид. Шаҳрвандони 80 кишвари дунё, аз ҷумла 27 кишвари Аврупо метавонанд, раводиди Тоҷикистонро аз фурудгоҳ дастрас намоянд. Сайёҳон дар давоми 30 рӯз аз қайдгирии ҳатмӣ дар мақомоти корҳои дохила озод шудаанд».
Тибқи иттилои Кумита соли гузашта ба Тоҷикистон 160 ҳазор ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 110 ҳазор сайёҳ ташриф овардаанд. Масъулини Кумита ният доранд таввассути камхарҷу соддагардонии воридот ва таъмини будубоши осоишта, то соли 2020 –ум шумораи сайёҳонро дар Тоҷикистон ба як миллион нафар расонанд.