Гюнтер Мачниг, ноиби президенти Асоссиатсияи ҷаҳонии нақлиёти ҳавоӣ изҳор медорад, ки имсол то аввали моҳи ҷорӣ 22 садамаи ҳавоии маргбор ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷа 486 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар 23 садама 786 нафар фавтидаанд. Асоссиатсия, ки 248 ширкати ҳавоии ҷаҳонро, ки 84 фойизи ҳамлу нақли ҳавоиро иҷро мекунанд, дар бар гирифта, дар гузориши наваш эълон медорад, ки нишондоди бехатарии парвоз имсол дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ба истиснои кишварҳои ИДМ поён рафтаст. Нишондоди бехатарӣ дар ИДМ имсол нисбат ба соли 2010 –ум аз зинаи 7,05 то 11,15 боло рафтааст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон чанде пеш як гурӯҳ мусофирон аз вазъи техникии нақлиёти ҳавоии кишвар, ки бисёрашон ҳанӯз истеҳсоли замони шӯравӣ астанд, тавассути номаи кушод изҳори нигаронӣ карда буданд.
Аммо масъулини ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ташвиши бархе аз мусофиронро беасос хонда, изҳор медоранд, техникаашон ба меъёрҳо ҷавобгӯй аст.