Тими «Истиқлол»-и Душанбе дастаи «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби калони 10 бар 0 шикаст дод.
Тавре Алӣ Шариф, сардори дафтари матбуоти ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ин бозии мавқуфмондаи даври 32-юми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон буда, дирӯз дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Пас аз ин пирӯзӣ дастаи “Истиқол” бо 90 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромад. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон боз шаш бозии мавқуфмонда дорад. Тимҳои «Равшан» ва «Регар» 89-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо сабаби он ки шумораи ғалабаи футболбозони тими Кӯлоб нисбат ба бозингарони дастаи Турсунзода якто зиёд аст, «Равшан» дар зинаи дуюм ва «Регар» дар ҷои сеюм қарор доранд. «Равшан» ҳамагӣ ду бозӣ ва «Регар» се бози дигар анҷом хоҳанд дод.
Имрӯз дасти ССКА «Помир» бо «Регар-ТадАЗ» миёни ҳам рақобат мекунанд, ки ин бозии мавқуфмондаи даври 35-уми сабқат ба шумор меравад. Оғози бозӣ соати 13:00.