Бо мақсади таъмини аҳоли бо маводи сӯзишворӣ вазорати энергетика ва саноат корхонаҳои истихроҷи нафту газро вазифадор намудааст, ки дар корҳои иктишофиву истихроҷӣ фаъол шаванд.
Тавре аз ин вазоратхона ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, айни ҳол дар ҳудуди кишвар дар 4 майдони оянадор корҳои пармакунӣ ва озмоишии қабатҳои маҳсулотдор идома дорад: «Дар чоҳи №16, ки дар майдони Маҳрам ҷой гирифтааст, аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз тарафи корхонаи фаръии «Суғднафтугаз» парма шуда истодааст. Чуқурии лоиҳавии ин чоҳ 4800 метр буда, то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ чуқурии чоҳ 3763 метрро ташкил додааст».
Бино ба иттилои манбаъ, коркарди чоҳҳои № 9 ва 1-ро, ки дар майдонҳои Олимтойи шарқӣ ва «Қурғонтеппа» ҷой гирифтаанд, ширкати «Кӯлоб Петролиум Лимитед» ба ӯҳда гирифтааст, ки чоҳҳои мазкур бо чуқурии ниҳоии 3765 ва 2628 метр муқаррар шуда, айни ҳол корҳои тадқиқоти-озмоишӣ дар ин чоҳҳо дар марҳилаи анҷомёбист. Чоҳи № 1-и майдони Сариқамиш бошад аз тарафи ҶСК «Газпром» парма шуда истодааст ва чуқурии лоиҳавии ин чоҳ 6300 метр аст, ки то имрӯз жарфи 3384 метр парма шудааст.