Манбаъ афзуд, дар вохўрии Эмомалӣ Раҳмон ва Кристиан Вулф маҷмўи васеи масоили ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳамгироии минтақавию ҷаҳонии ду кишвар баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон кишвари Олмонро «шарики дерина ва мўътамади Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» номида, изҳор дошт, ки «Олмон дар самти аврупоии сиёсати хориҷии кишвари мо мақоми хоса дорад». Аз ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Олмон, ки дар доираи нақшаю барномаҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчўби санадҳои аврупоию байналмилалӣ амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Таваҷҷӯҳи зиёд ба авзои Афғонистон ва мусоидати муштараки Тоҷикистону Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои ислоҳи он зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, Кристиан Вулф омодагии ҷониби Олмонро ба иштироки фаъол дар Конфронси панҷуми РЕККА – ҳамоиши минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли 2012 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таъкид дошт.«Олмон ҳамчунин аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмонии ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад», - изҳор дошт президенти ҷумҳурии Федеролии Олмон.