Манбаъ афзуд, Муҳаммадюнус Ризоеви ҳамватани мо дар вазни 85 кило дар риштаи муҳорибаи тан ба тан ду рақибашро аз Ӯзбакистон, як намояндаи Қазоқистон ва 1 варзишгари Украинаро шикаст дода, барандаи нишони тиллои мусобиқот гардид. Ҳамчунин, варзишгари дигари тоҷик Сиёвуш Шарифов дар намуди муҳорибаи касбӣ соҳиби дуввум ва медали нуқра шуд. Маҳмуд Қурбоналиев бошад, ба гирифтани медали биринҷии ин мусобиқа мушарраф шуд.