Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шўрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба шаҳри Маскави Русия сафар кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро райиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, нахуствазир Оқил Оқилов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Манбаъ афзуд, дар ин сафар президентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, вазири адлия Бахтиёр Худоёров, муовини котиби Шўрои амният Акрам Амонов, сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Зарипов ҳамроҳӣ мекунанд.