Дар шароити кунунӣ Тоҷикистону Қирғизистон наметавонанд ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба осонӣ шомил шаванд.
Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" ба такя ба андешаҳои коршиносони соҳа як иттилоъеро ҷой додаанд. Бино ба хабари ин расона, агар ҳукуматҳои ин ду кишвар хостори узвият дар иттиҳод шаванд, бе омодагии пешакӣ муваффақ нахоҳанд гашт ва шеваи шомил шудан ба ЕврАзЭС ё Иттиҳоди гумрукӣ дар ин ҷо ба кор нахоҳад омад. Ин коршинос Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро як сатҳи комилан дигари ҳамоиш мешуморад, ки тағйир қонунгузориҳои дохилӣ, “пухтагии иқтисодӣ ва омодагии сиёсиро тақозо хоҳад кард».
Маврид ба ёдоварист, раҳбарони ФР борҳо эълом дошта буданд, ки ба ҷуз Русия, Қазоқистон ва Беларус ду кишвари дигари минтақаи Осиёи Марказӣ- Тоҷикистону Қирғизистон ҳам метавонанд, аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЕС) шаванд.