Фардо дар шаҳри Маскав, дар назди бинои сафорати ҶТ баргузории як пикет-роҳпаймоӣ дар назар аст.
Дар ин бора Баҳром Ҳамроев, роҳбари ҷамъияти муҳоҷирони сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба «IslamNews» иттилоъ додааст. Номбурда гуфтааст, ин пикет ба ҷонибдории мусулмононе, ки аз сӯи мақомот таъқиб мешаванд, созмон ёфтааст. Мубтакирони ин тарҳ ҳамчунин эълом доштаанд, ки барои баргузории ҳамойиш аллакай иҷозаи шаҳрдориро дарёфт кардаанд.
Сомонаи мазкур менависад, гурӯҳи ташкилкунандаи ҳамойиш аз масъулин даъват хоҳанд кард, ки қазияи баҳси марбут ба масҷиди «Муҳаммадия» дар чорчӯби қонун ва адолат матраҳ шавад. Инчунин пикетчиён тақозо доранд, ки рӯйхати онҳое, ки рӯзҳои ахир бо иттиҳоми гуногун дар шаҳри Ваҳдат боздошт шудаанд, эълом шавад.