Сироҷиддин Аслов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов, ки ҳамзамон сафири ҶТ дар Куба мебошад, аз ин кишвар дидан кард.
Тибқи иттилои ВКХ, чанд ӯз қабл дар шаҳри Гавана дипломатии тоҷик эътимодномаро ба нойиб-райиси Шӯрои давлатӣ Гладис Бехерано супорид.Дар ин маросим Вазири корҳои хориҷии Куба Бруно Родритес низ ҳузур дошт. Пас аз супоридани эътимоднома нойиб-райиси Шӯрои давлатии Куба сафири Тоҷикистонро хайрмақдам гуфта, аз номи райиси Шӯрои давлатии Куба Раул Кастро Рус ба роҳбари давлат, ҳукумат ва халқи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Хонум Гладис Бехерано нисбати масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои ояндаи иқтисодию фарҳангии байни ду кишвар ибрози андеша намуд. Нойиб-райиси Шӯрои давлатии Куба ба Тоҷикистон дар бобати дар Маҷмаи Умумии СММ ҳамеша дастгирӣ кардани қатънома дар бораи зарурати аз байн бурдани эмбаргои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ, ки аз ҷониби ИМА алайҳи Куба ҷорӣ шудааст, изҳори сипос гуфт. Ӯ Тоҷикистонро яке аз шарикони Куба дар арсаи байналмилалӣ унвон намуд.
Ҳамзамон, сафири Тоҷикистон аз номи ҳукумати Тоҷикистон паём ва орзуҳои некро ба роҳбарияту халқи Куба расонида, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва заминаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баён дошт.Сипас маросими гузоштани гулчанбар бар пояи пайкараи қаҳрамони миллии Куба Хосе Марти баргузор шуд.Дар чаҳорчӯби сафар ба Куба инчунин, мулоқотҳои сафири Тоҷикистон бо намояндагони як қатор идораҳои давлатии он кишвар, аз ҷумла райиси Идораи Аврупоии Вазорати тиҷорати беруна ва сармоягузорӣ Ирелис Доменес, райиси ширкати дорусозии «Лабиофам» (LABIOFAM S.A.) Фраго Кастро, райиси калонтарин ширкати Куба оид ба биотехнология ва дорусозӣ HEBER Biotec Серхио Перес Талавера ва дигарон доир гардиданд.