Бояд гуфт, сухан сари масъалае меравад, ки чанде аз хабаргузориҳои хориҷӣ (аз ҷумла Фергана.ру ва ИсламНюс) шоми дирӯз иттилоъеро пахш карданд, ки гӯё Баҳром Ҳамроев, роҳбари созмони «Гурезаҳои сиёсӣ» ва аъзоёни ин ташкилот барои ҷонибдорӣ аз Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода даст ба як ҳамойиши эътирозӣ дар Маскав заданианд.
Ҳамзамон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки дар ташкили ин гирдиҳамоӣ даст надорад ва бо Баҳром Ҳамроев, ки худро масъули ин гирдиҳамоӣ номидааст, ошно нест: “Ман бо чанд нафар аз дӯстон ва наздиконам дар тамос шудам ва аз онҳо пурсидам, ки оё ин шахсро мешиносанд,, вале касе бо ӯ ошноӣ надоштааст. Вай афзуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба нафъи Тоҷикистон нестанд, ҳамчунин номбурда ташкили чунин гирдиҳамоии эътирозиро маҳкум кард ва аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки ба «дасисаҳо дода нашаванд ва дар чунин гирдиҳамоиву эътирозҳо ширкат накунанд». Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, мо бо ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ҳеч ихтилофе надорем. “Ихтилофе, ки вуҷуд дорад, бо бархе аз мақомоти Тоҷикистон аст, на бо давлат.”
Ёдрас менамоем, ин қазия ва ё ихтилофе, ки бо бархе аз мақомот унвон мешавад ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз он ёд кард, аз рӯзи 2-юми декабр шурӯъ гардид. Он замон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, ки имомхатибии онро Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз дигар бародарони эшон ба зимма дорад, аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ карданд. 6-уми декабр бошад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда иброз дошт, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.