ИМА аз нооромиҳои ахир дар шаҳри Жаноазени қисмати ғарбии Қазоқистон нигарон аст.
Вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар эъломияи ахири худ, ки як рӯз қабл ба нашр расид, аз ҳамаи ҷонибҳо дархост кардааст, ки хештандорӣ нишон диҳанд ва аз мақомоти Қазоқистон хостааст, ки дар минтақа ҳамаи хатҳои иртиботиро дубора васл кунанд. Тибқи иттилои расида, дар натиҷаи даргириҳои миёни пулис ва эътирозкунандагон дар ин шаҳр дастикам 14 нафар кушта, тақрибан 80 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ёдрас менамоем, рӯзи шанбе дар рустои Шетпеи канори Жаноазен як нафари дигар дар задухӯрдҳо кушта шуд. Коргарони нафти Жаноазен аз моҳи майи соли ҷорӣ эътироз мекунанд ва хостори беҳбуди шароити кор ва боло бурдани ҳақмуздашон ҳастанд.