Дар шаҳри Теҳрон дар маркази Доиратулмаориф (Энсиклопедия)–и бузурги исломии ҷумҳурии Исломии Эрон бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳамойиши байналмилалии “Аз Балх то Куния” баргузор гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур олимон, муҳаққиқон, устодони донишгоҳҳо аз кишварҳои ҷаҳон, инчунин намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон ҳузур доштанд. Давлаталӣ Ҳотамов, сафири Тоҷикистон дар Эрон зимни ҳамойиш баромад намуда, оид ба хизматҳои таърихии ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷикон ва халқҳои ҷаҳон изҳори андеша кард.Ӯ гуфт,Ҷалолиддини Балхӣ шоир ва донишманде мебошад, ки мероси адабиаш тайи асрҳо дар хизмати инсоният қарор дорад: «Аз ин нуқтаи назар шеъру ақидаҳои фалсафии Мавлоно аз доираи аҳамияти миллӣ берун баромада, оламгир гардидааст. Мавлоно мардумони оламро ба ваҳдат, сулҳу дӯстӣ, ҳамзистию ҳамфикрӣ даъват мекунад, дар байни миллатҳои гуногуни олам муҳаббату эҳтиром ва ҳамфикрию ҳамдилӣ эҷод менамояд, барои саодату хушбахтии насли башар ва бақои сайёра мекӯшад. Ашъору афкори ӯ маҳдуд ба як қавму миллат ва ё дину оин набуда, ба тамоми башарият нигаронида шудааст».
Дипломати тоҷик бо ишора ба фармони президенти ҶТ аз сентябри соли 2009 ёдовар шуд, ки ҳамасола 30 сентябр зодрӯзи ин мутафаккири барҷаста, орифи бузург дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Номбурда қайд кард, ки ба шарофати 800-солагии ин нобиғаи бузурги ҷаҳониандешаву сухан дар яке аз ноҳияҳои минтақаи Вахш, ки маҳалли таваллуди шоир мебошад, муҷассамаи ӯ гузошта шуд ва ин ноҳия номи «Ҷалолиддини Румӣ»-ро гирифт. “Ҳамасола 30 сентябр ҷашн гирифтани зодрӯзи Мавлоно худ нишонаи возеҳи эҳтироми мо ба хизматҳои таърихии ӯ дар ҳаққи миллати худ ва аҳли башар буда, ифодагари арҷгузорӣ нисбат ба гузаштагон, ҳикмати ниёгону андешаи бузургворон мебошад, ки моро аз дурии асрҳо имрӯз низ ҳидоят мекунанд. Дар даврони истиқлолият ва хусусан, пас аз ҷашни 800-солагии Мавлоно дар кишвари мо мавлавишиносӣ суръати тоза касб кард.
Маврид ба тазаккур аст, ки олимону донишмандони тоҷик доир ба рӯзгору осори Мавлоно рисолаву китобҳои зиёде ба табъ расониданд. Дар як муддати кӯтоҳ «Маснавии маънавӣ», «Девони Кабир» ва дигар осори ӯ аз чоп баромаданд.