Кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Украина шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расоинданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни боздиди расмии празиденти Тоҷикистон ба Украина дар қатори дигар созишномаҳои байнидавлатӣ, миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Украина созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон райиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва аз ҷониби Украина Сергей Бубко, президенти кумитаи олимпии Украина ба имзо расониданд .
Гуфта мешавад, дар доираи шартномаи мазкур ҷонибҳо ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мемонанд. Аз ҷумла дар ин самт машқҳои муштарак, табодули таҷрибаи мураббиёну доварон пешбинӣ гардидааст.Ҷониби Украина омодагии пурра оид ба имкониятҳои мавҷудаи варзишӣ барои дастаи олимпии ҷумҳурии Тоҷикистонро додааст.Ҳамзамон, дар доираи барномаи рушди футболи Тоҷикистон, сохтмони варзишгоҳ барои 50 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.