Тавре аз маркази матбуоти ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» хабар доданд озмуни мазкур аз 1-уми январи соли 2012 то 1-уми март идома меёбад ва шартҳои озмун чунинанд:
1. Суруд (бо ҳамовозии ҳайатҳои гуногуни мутрибон, ансамбли мусиқии камеравӣ, оркестри созҳои мардумӣ).
2. Асарҳои мусиқӣ барои якканавозон ва ансамблҳои гуногун.
3. Асарҳои мусиқии рақсӣ ва эстрадӣ.
4. Асарҳо барои хор ва оркестрҳои гуногуни мусиқӣ.
Ба иттилои манбаъ ин озмун бахшида ба ҷашнҳои Наврўзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташкил гардида, ҳамчунин беҳтарин асарҳо дар жанрҳои гуногуни санъати мусиқӣ аз ҷониби вазорати фарҳанг харидорӣ мешаванд. Озмуни мазкур аввали моҳи март ҷамъбаст карда мешавад,-афзуд манбаъ.