Боз як ҳамватани мо дар Русия ҷони худро аз даст дод.
Дар ин бора як манбаи боэътимод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Бино ба гуфти сарчашмаи хабар, муҳоҷири тоҷикистонӣ Аскар Абдулҳаев шаби 21 ба 22-уми декабри соли равон аз ҷониби ҷинояткорон дар шаҳри Новосибирски Русия ба қатл расидааст: «Аскарро дар назди вагони ҷои хобаш сӯзонданд. Вақте ӯ бо чанд ҳамроҳи дигараш дар берун аз вагон будааст, ногаҳон шаҳрвандони Русия дар ҳолати мастӣ ба ҷониби онҳо ҳуҷум мекунанд. Ҳамроҳони ӯ аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд, ҷинояткорон Аскари танҳоро боздошта, чандин корд мезананд ва пасон ӯро ба даруни вагон дароварда, ҷои хобашро оташ мезананд.Баъди оташ задан боз вагонро нигоҳ медоранд, то Аскар аз дохили он набарояд».
Манбаъ ҳамчунин гуфт, Аскар Абдулҳаев аз соли 2003 муҳоҷиратро ихтиёр карда буд. Дафъаи ахир 7-уми декабри соли равон ба Русия рафт. Аз рӯи гуфтаҳои манбаъ, Аскар дар Новосибириск дар як сохтмон кор мекардааст. Ҳамсӯҳбатамон афзуд, зимни куштори шаҳрванди Тоҷикистон ҷинояткорони рус чанд нафар будаанд, аммо фақат ду нафари онҳо бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Аскар боздошт гардидаанд.
Гуфтанист, шаби гузашта ҷасади ӯро ба Тоҷикистон оварда, имрӯз дар деҳаи Сори ноҳияи Панҷакент ҷанозаи Аскар Абдулҳаев баргузор шуд. Маврид ба ёдоварист, Аскари раҳматӣ ҳамагӣ 30 сол дошт.