Турсунпӯлод Аминҷонов соли 1949 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1971 шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи УДТ-и Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст.Маврид ба ёдоварист, Пӯлодов аввалин хатмкардаи ихтисоси рӯзноманигорӣ маҳсуб мегардад. Фаъолияти кориашро пас аз гирифтани касби рӯзноманигорӣ дар Кумитаи ТВ ва радио оғоз карда, то охирин рӯзи ҳаёташ дар ин ҷо кор мекард.Тӯли фаъолияти худ дар вазифаҳои муҳаррир, муҳарири калон, мудири шӯъба, сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонони радиои Тоҷикистон, сармуҳаррири барномаҳои сиёсиву байналхалқии ТВ-и Тоҷикистон, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи радио ва телевизион ифои вазифа дошт.Дар факултаҳои рӯзноманигории ДМТ ва ДСТ низ ба ҳайси омӯзгор чанд вақт дарс гуфтааст.
Турсунпӯлод Аминҷонов ба унвони «Журналисти шойистаи Тоҷикистон» сазовор гардида, узви ИЖТ ва аъзои ИНТ буд. Маҷмӯи шеъру таронаҳояш бо тахаллуси Турсунпӯлод Амини Истаравшанӣ рӯйи чоп омадаанд.
PS: Бо ташаббус ва ибтикори Турсунпӯлод Аминҷонов маросими «Ҳаҷ-1994» мустақиман дар шабакаи телевизионии кишвар пахш гардида буд. Дар доираҳои журналистӣ ва адабии Тоҷикистон ӯро чун рӯзноманигори босалиқа ва муҳаққиқи соҳа хуб мешиносанд.