Шурӯъ аз баҳори имсол дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон азнавбарқароркунии як мактаби таҳсилоти умумӣ оғоз мегардад.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Қурбонбой Каримов, раиси ноҳия иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, рӯзи 15-уми декабр дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тендер ба хотири азнавсозии мактаби миёнаи №8, воқеъ дар ҷамоати Деҳқонариқи ноҳияи Фархор баргузор гардид. Маблағгузории сохтмони мактаби мазкурро кишвари Арабистони Саудӣ ба ӯҳда гирифтааст: «Дар тендер ғолиб муайян гаштааст. Бино ба хабари расида, аз оғози баҳор, яъне моҳи март сохтмони ин мактаб низ оғоз меёбад».
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз аввали ҳамин моҳ хабаргузории «Озодагон» дар мавриди аз сохтмон бозистодани ҳамин мактаб ва бепарвогии масъулин як гузориши интиқодӣ ба нашр дода буд. Сохтмони мактаби мазкур барои 1870 хонанда, нимаи солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби сохтмончиёни шӯравӣ оғоз гардид, аммо пас аз фанои СССР бунёди он 30 сол ба таъхир афтод.