Имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ҷаласаи навбатии Шӯрои ин мақоми олии қонунбарор сурат пазируфт.
Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимнан, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати растанӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, аъзои Шўрои МН масоили марбут ба Созишномаи Гурўҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи палатаи поёнии парлумонро баррасӣ карданд.Аз рўи масъалаҳои ба рўзномаи Шўро воридшуда райисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод, Сафаралӣ Раҷабов, Амирқул Азимов, Амир Катаев ва Маҳмадалӣ Ватанов андешаҳои худро иброз доштанд.