Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои шаҳидони ҷанг, пирону барҷомондагон, ашхоси яккаву танҳо, ятимону бепарасторон дар иду айём ба ҳукми анъана даромадааст.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», рӯзи гузашта Раҷаббой Каримов, райиси шаҳри Хуҷанд дар ҷамъомади тарбиятгирандагони мактаб – парваришгоҳи бачагони маъюбу ҷисман носолим ширкат варзид. Ӯ омӯзгорону мураббиён ва муҳассилинро бо соли нави милодӣ муборакбод карда, ба бачагон тӯҳфаҳои идона тақдим намуд.
Ҳамзамон, мудири шӯъбаи сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Набиҷон Тоҳиров ҳозиринро аз номи райиси вилоят Қоҳир Расулзода табрик гуфт.Аз ҷониби намояндагони Агентии давлатии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб – парваришгоҳ тӯфаҳои солинавӣ супорида шуданд.