Имрӯз дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рўи ривоятҳо, афсонаҳо ва эпосҳои қаҳрамонии халқҳои Осиёи Миёна ва Корея сурат пазируфтанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии ин вазоратхона иттилоъ доданд, дар чорабинӣ вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Ён Ҷон Гу иштирок намуданд.
Манбаъ афзуд, ғолибони озмун аз Тоҷикистон Садрӣ Умар дар номинатсияи «Матни пурра» бо намоишномаи «Гурзод»,соҳиби ҷоизаи пулӣ ба маблағи 5.000000 юан ва Равшан Раҳмонӣ дар номинатсияи «Нақшаи сенариявӣ»бо сенарияи телесериали «Гурзод ва писари ў Аваз» соҳиби ҷоизаи пулӣ ба маблағи 1.000000 юан гардиданд.