Бояд гуфт, ки майдони умумии заминҳои вилоят 2.518.536 гектар буда, аз он ҷумла заминҳои обӣ 284.196 га, мазраъ 234.354 га, обӣ 172.430 га, майдони дарахтҳои бисёрсола ҳамагӣ 65.091 га: аз он боғот 49.894 га, токзор 11.835 га, майдони парвариши ниҳолҳо 103 га - ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши нозирони шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи дарсҳои бозомӯзии тасдиқшуда омӯзишҳо дар мавзӯи истифода ва ҳифзи замин гузаронида шуд.