Ашхоси номаълум 30.000 доллари як корманди ҶСК «Ориёнбонк»-ро ба яғмо бурданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора аризаи шаҳрванд А.Хоҷаеви 32-сола, сокини кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ирсол гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, ду нафар шахсони номаълум дар кӯчаи Тоҷикистони ин ноҳия бо силоҳ ба ӯ дарафтода ба воситаи силоҳи оташфишон 30 ҳазор $-ро, ки Хоҷаев аз бахши ҶСК «Ориёнбонк» қабул карда буд, тасарруф кардаанд.
Айни ҳол барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чораҳои фаврӣ- ҷустуҷуӣ идома дорад.