Суқути чархбол ҷони 6 низомии нерӯҳои НАТО-ро гирифт
19 январ дар ҷануби Афғонистон як чархболи мансуб ба НАТО суқут кард. Дар паи ин ҳодиса 6 хидматчии ҳарбии нерӯҳои Паймони атлантикаи шимолӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар мавриди шаҳрванди кадом кишвар будани низомиён маълумоте нарасидааст. Ба иттилои хабаргузории «Рейтерз» сабаби сарнагун шудани чархбол алъон рушан нест. Ҳамин тариқ дар мавриди ба кадом амалиёт сафарбар шудани низомиёни дохили чархбол ҳам хабар дода нашудааст.
Моҳи августи соли 2011 низ дар пайи суқути чархболи НАТО 38 нафар, бо шумули 31 хидматчии гурӯҳи махсуси ИМА кушта шуд. Он вақт масъулияти маҳви чархболро «Толибон» бар душ гирифтанд.