Боз як мақоми нав ба Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аъзои Кумитаи Федератсияи байналмилалии футбол оид ба рушд интихоб шуд.
Кумитаи мазкур ба рушд ва беҳтар намудани сифати варзиши №1 машғул мешавад. Ба ин кумита, ки президенти Конфедератсияи футболи Африқо Исо Хаят раҳбарӣ мекунад, ҳамчунин раҳбари УЕФА Мишел Платини, ноиби президенти ФИФА шоҳзодаи Урдун Али Бин Ал-Ҳусейн, роҳбарони федератсияҳои футболи Перу Мануэл Бурга, Литвия Лютаурас Варанавичюс, Умон Сайид Халид Бин Ҳамид Ал-Бусаид ва дигарон шомиланд.
Ёдовар мешавем, Рустами Эмомалӣ 5 январи соли равон президенти федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар ин бора ба «Озодагон» Фаридун Солиев, пресс-атташеи ФФТ хабар дод.